Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон намунаи нави либосҳои милитсияи тоҷикро дар Душанбе муаррифӣ кард. 

Санаи 12-уми март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баргузор гардид, ки ба ҷаласаи мазкур роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Сафирони Сафоратхонаҳои ИМА, Россия, Олмон, Фаронса, Англия, Хитой, Ҷопон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносон даъват шуданд.

Ба иштирокчиён намунаи либосҳои нави милитсияи тоҷик муаррифӣ карда шуд.

Пас аз омода шудани либоси нав бо навиштаҷоти “Политсия” ба ҷойи “Милитсия” пеш аз ҳама кормандони Хадамоти посбонию пайраҳадорӣ, БДА ва нозирони минтақавӣ бо он таъмин карда мешаванд.

Қарор аст соли 2020 ислоҳот ворид шавад ва милитсияи тоҷик ба политсия табдили ном кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here