Қаблан Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфта буд, ки онҳо бо мақомоти Британияи Кабир дар мавриди далели намуди нави COVID-19 дар тамос ҳастанд ва ваъда доданд, ки мардумро дар бораи хусусиятҳои он огоҳ хоҳанд кард.

— Дар Нидерландия, Дания ва Австралия намуди нави коронавирус маълум карда шуд, ки қаблан онро дар Британияи Кабир муайян карданд, — хабар медиҳад ВВС бо истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ).

— Намуди нави беморӣ дар ҷанубу шарқи Британияи Кабир аз оғози ҳафта муайян карда шуд. Он аз намуди пеш зудтар паҳн мешавад, ки адади сироятёфтагонро боз ҳам зиёд хоҳад кард, — гуфтааст тпизишки ин кишвар Крис Уиттӣ.

Як рӯз пеш сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон хабар дода буд, ки намуди нави коронавирус 70 дарсад гузарандатар аз намуди пеш мебошад. Лекин он то куҷо хатарнок аст, то ҳол олимон маълум накардаанд. Инчунин, мутатсияи вирус ба воксин чӣ вокунишҳоро нишон медиҳад, низ маълум нест.

Намуди нави коронавирусро олимон дар ин кишвар дар миёнаи моҳи декабр муайян карданд. Бино ба гуфти олимон, ин навъи коронавирус аз намуди пеши коронавирус зудтар паҳн шуда, дар Лондон бештар аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here