Журналист Абдуғаффор Камолов ба як навиштаи сомонаи «Ахбор» вокуниш нишон дода, ақидаи худро роҷеъ ба он дар шабакаи иҷтимоии фейсбук ба нашр расонд. Ин навишта алҳол аз ҷониби корбарон хуш пазируфта шудааст, аммо пайдост, ки ба зудӣ зери интиқоди шадид низ қарор мегирад. Кӣ онро ба интиқод хоҳад кашид, ба мо маълум аст, аммо шумо агар донистан хоҳед, пас аввал бояд ин навиштаи А. Камолро пурра хонед:

«Сомонаи “Ахбор” (www.akhbor.com) зери сарлавҳаи “Адои намоз дар паҳлӯи мошини полис” аксу навори ҷавони тоҷикеро бо номи Сулаймони Орзу нашр кардааст, ки дар миёни издиҳоми роҳгузарон дар шаҳри Кёлни Олмон ва дар пеши чашми як гурӯҳ кормандони полис намоишкорона намози нафл (ки на фарз асту не суннат) мегузорад ва ин кори худро “намоиши демократияи олмонӣ” муаррифӣ мекунад. Ду рӯз боз ин аксро мебинаму ин навиштаро мехонам, аммо ҳамчун мусулмон на ин намозхонӣ писандам меафтаду на ин шиор. Ба худ савол медиҳам, Худоё, чаро? Чаро ман аз намозхонии як ҳамватанам дар қалби Аврупо бояд нороҳат шавам? Оё мушкил дар ақидаи ман аст ё дар ҷои дигар? Бори дигар ва бори дигар аксро мебинаму шиорро мехонам. Не, ин намоз барои Худо нест, ки нест. Аз ҳар тараф, ки бингарӣ, ин кор намақбул, нописанд ва ҳатто номашрӯъ аст. Чаро?

1. Як бор ба шеваи истодани ин “намозхон” нигаред. На даст рӯи даст гузоштанаш дуруст асту на такя болои як по карданаш (ки ин дар намоз макрӯҳ аст). Ин нишонаи он аст, ки ҷавон фарди намозхон нест ва намозхонӣ одати ӯ нест. Ӯ дар ин ролик ҳамчун актёр истифода шудаст.

2. Ҷавон мегӯяд, ки нафл мехонад. Нафлро, маъмулан дар хона, дар ҷои пинҳон ва дур аз чашми мардум мехонанд. Зеро он нафл асту моҳияташ ихфост (пинҳонӣ ва байни Худову банда). Ҳатто дар масҷид хондани намози нафл тавсия намешавад. Дар зиндагиномаи орифон бисёр хонадаем, ки чун нимашаб барои намози нафл бармехестанду эҳсос мекарданд, ки ҳамсоя огоҳ шуд, зуд шамъро хомӯш мекарданду мехобиданд, то ҳамсоя фардо дар малаи ом таъриф накунад, ки “фалонӣ намози шаб дорад” ва ин самъату риё савоби нафлро аз байн барад.

3. Дар пеши чашми полис (зимнан, аҳсан ба ин гуна полиси сабуру ботаҳаммул) аз ин тарафу он тараф гузаштану намоз гузоридану ҳар лаҳза “Аллоҳу акбар ” гуфтан дар айёме, ки ҳамарӯза террористони бадсиришт бо ҳамин шиори “Аллоҳу акбар” дар Аврупо мардумкушӣ мекунанд, оё муҳорибахоҳии ошкор (бросить вызов) ва таҳрик кардани полис барои вокуниш нест?

4. Олмониҳо, гарчӣ миллати бофарҳанге ҳастанд, аммо пӯшида нест, ки дар он ҷо ҳам миллатгароёни ифротӣ ё ҳатто ғайриолмониҳо сукунат доранд. Агар ба онҳо ин амал писанд наафтаду вокуниш нишон диҳанд, оё ин бо дасти худ заминсазӣ барои барангехтани адовати қавмӣ нест?

5. Ҳеҷ кас, на Худо ва на Расул ӯро маҷбур накардааст, ки барои анҷоми коре, ки воҷиб ва зарур нест, либоси худро аз тан кашида, рӯи замин паҳн карда, болояш муддате нишаста, сипас боз онро гирифта, пушаду бо ин кор сатҳи фарҳанги худу миллташро ва дур буданашро аз масоили беҳдошту гигиена барои мардуми покизаниҳоди Олмон ба намоиш гузорад.

6. Агар Шумоҳо демократия Олмонро ҳамин хел ба бозӣ бигиред ва аз он ба чунин тарзи зиёдаравӣ сӯиистифода кунед, дер нест, ки мардум аз ҳукуматашон бихоҳанд, ки пеши роҳи шумобаринҳоро бигирад. Ин, яъне маҳдудият ва фишор болои ақаллияти мусулмон дар Олмон ва Аврупо.

7. Ин шабу рӯз расонаҳои Аврупо аз ғолиб омадани фарҳанги муҳоҷирон бар фарҳанги бумии мардум дар ин минтақа бонги хатар мезананд. Кори ин ҷавон, ки ҷуз густохӣ ва бепарвоӣ нисбат ба фарҳанги он мардум чизи дигаре нест, ҳатто сабуртарин ва ботаҳаммултарин фарди олмониро водор ба вокуниш ва бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон мекунад.

8. Шумо, ки дар он кишвар паноҳандагӣ ёфтаед, ба ҷои дар мазҳари ом намози риёкорона хондану афкор умумии он мардумро нисбат ба намоз ва ислом дар шакк андохтан, беҳтар аст, ки бо рафтори намунавии худ, бо эҳтиром ва риояи қонунҳо ва уруфу одату анъанаҳои он ҷо фарҳанги болои худ ва миллататонр ба намоиш бигзоред. Мавлонои Балхӣ мегуяд:

Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ,

Ҳеч аҳлият беҳ аз хӯйи накӯ…

Муъмин он бошад, ки андар ҷазру мадд,

Кофар аз эмони ӯ лаззат барад.

9. Ва ниҳоятан, оё медонед, ки чаро намози Шумо ба ман ва чандин каси мисли ман маъқул нашуд? Чунки он холисона нест, риёкорона ва боғараз аст. Ана ҳамин ғараз ибодати Шуморо беарзиш кардааст. Боз ҳам ба қавли Мавлоно:

Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,

Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.

Ғарази Шумо на таблиғи дин ва на намоиши демократияи олмонист. Ғарази Шумо танқиди Тоҷикистон аст. Шумо хеле ҷавон ҳастед. Касе Шуморо ҳамчун иҷрокунандаи нақш истифода бурда, наворатон мегирад, то ба ҳамон ҳадафи худ, ки танқиди Тоҷикистон аст, бирасад. Аммо мутмаиннам, ки бинандаи навору шунавандаи суҳбатҳои Шуморо на муқоисаи демократияи олмонию тоҷикӣ, балки ин рафтори кӯдакона ва сабукфикронаи Шумо бештар ба худ ҷалб мекунад. А. Камол»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here