2-юми октябр намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод дар раъси ҳайати шашнафараи ИМА, аз чумла муовини ёвари президент Лиза Куртис барои мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-полковник Саймумин Ятимов, Вазири мудофиа Шерали Мирзо ва дигар шахсони расмӣ ба Тоҷикистон омад, ки ин сафар то 4-уми октябр идома кард.

Дар рафти вохӯриҳо, намояндаи вижаи Амрико Залмай Халилзод бар аҳамияти музокироти сулҳи Афғонистон, ки 12-уми сентябр дар Давҳа оғоз шуд, ишора карда, аз нақши созандаи Тоҷикистон дар мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон, истиқбол кард. Вай бар ҳимояти ИМА аз роҳи ҳалли сиёсии бӯҳрон таъкид кард, ки он аз ҷониби мардуми Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва ин кафолат медиҳад, ки Афғонистон дигар ҳеҷ гоҳ ба пойгоҳи терроризми байналмиллалӣ табдил нахоҳад шуд. Сафир Халилзод тазаккур дод: “сулҳу субот ба Афғонистон ва минтақа боз як имтиёзи муҳим медиҳад, зеро он имконияти тавсеаи ҳамкориҳо, тиҷорат ва рушдро фароҳам месозад.” Вай дар идома гуфт: “Тоҷикистон яке аз баҳрабардорони асосӣ аз сулҳи Афғонистон хоҳад шуд, зеро сулҳ дар минтақа имкониятҳо барои рушди иқтисод дар тамоми Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, аз ҷумла иҷрои тарҳи хати интиқоли барқии CASA-1000 ва долонҳои байналмилалии нақлиётиро фароҳам мекунад.”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here