Бо ташаббуси Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон ба муносибати бузургдошти 70-солагии Истиқлолияти Ҳиндустон ва 25-солагии муносибатҳои дипломатии байни Ҳиндустону Тоҷикистон ҳафтаи намоиши китоби Ҳиндустон оғоз гардид, ки то 24- уми августи соли равон идома хоҳад кард.

Тавре аз Китобхонаи Академияи илмҳо ба мо хабар доданд, ки намоишро директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизода ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва меҳмононро хайрамақдам намуд.

Дар намоиши китобҳои ҳиндӣ сафири кабири Ҳиндустон дар Душанбе Сомнатҳ Гҳош ва дигар кормандони сафорат, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, олимон аз пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳо, устодону шогирдон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар ҳаводорони фарҳангу адаби Ҳинд ширкат намуданд.

Дар маҳфил раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон Ҳабибулло Раҷабов суханронӣ намуда, ҳозиринро ба боздид аз китобҳои намоиш даъват кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here