Муассисиаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, аз 7-ум то 13-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Даккаи кишвари Банғолатаҳти унвони “15 th Short and Independent International Film Festival of Bangladesh” намоиши филмҳо сурат мегирад, ки аз коргардонҳои Тоҷикистон 12 филм пешбарӣ шудааст.
Тоҷикистонро дар ин фестивал коргардонҳо Далер Имомалӣ, Беҳрӯз Давлатбеков, Файзулло Файз, Муҳаммадрабӣ Исмоилов, Зайнулобиддин Мӯсо, Диловар Султонӣ, Акмал Восидӣ ва Дилошӯб Орифзода намояндагӣ мекунанд.
Намоиши ду филми мустанади “Шӯр H2O” ва “Умед”-и коргардони ҷавон Дилошӯб Орифзода муқаррар гардидааст. Коргардони ҷавон дар сӯҳбат гуфт, ки мардум феълан ташнаи филмҳои миллии худашон ҳастанд.
Коргардони ҷавон аз дастгириҳои муассисаи “Тоҷикфилм” изҳори хушнудӣ намуда, сабабҳои ба синамои ватанӣ кам таваҷҷӯҳ доштани мардумро бар он вобаста донист, ки имрӯз дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ кинотеатри фаъол ангуштшумор аст ва имкони тамошо кардани филм, қариб нест.
Дар фестивал аз кишварҳои Мянмар, Банғола, Ҳиндустон, Ҷопон, Туркия, ва Тоҷикистон филмҳои мустанад намоиш дода мешаванд.
Файзуллохон Обидов