Дар толори меҳмонхонаи «Шумон» дар маркази шаҳри Душанбе намоишгоҳи асарҳои рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, профессори фахрии Донишгоҳи санъати Нанкин (ЧИН) Исуф Сангов идома дорад.

Исуф Сангов бо забони расм, дар бораи ватан, табиат ва фарҳанги мардуми худ қисса мекунад. Дар ҳамаи асарҳои ин рассом, кӯшиши тасвири маънавии мафоҳими фалсафии гуногун: монанди таваллуди ҳаёт, шодии муошират бо табиат, муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ва ғайра, баръало мушоҳида мегарданд.

Намоишгоҳи асарҳои рассоми маъруфи тоҷик Исуф Сангов то 31 октябри соли равон идома меёбад. Хоҳишмандон метавонанд бо асарҳои рассоми маъруф дар толори меҳмонхонаи Шумон воқеъ дар маркази Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 (назди Боғи Парчам) ошно гарданд. Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 10:00 то соати 20:00 фаъолият мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here