Намоишгоҳи осори наққоши эронӣ Амир Ҳусайн Пероиш дар шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Дар ин маросим шахсиятҳои саршиноси фарҳангӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва ҳамчунин намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Амир Ҳусайн Пероиш дар ибтидои ин маросим зимни хушомадгӯӣ ба меҳмонон ин рӯйдоди фарҳангӣ ва ҳунарӣ аз масъулини сафорати Эрон дар Душанбе ташаккур кард.

Вай бо орзуи дӯстии ду миллат — Эрон ва Тоҷикистон гуфт: “Банда ба андоза қудрат ва тавоне, ки доштам, кӯшиш кардам, ки зебоиҳои табиати Тоҷикистонро ба тасвир бикашам ва ба дунё муаррифӣ кунам”.

Сипас кордори муваққати сафорати Эрон Аббос Тӯробӣ баргузории ин намоишгоҳро намунаи ҳамдилӣ ва дӯстии ду миллати ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Эрону Тоҷикистон хонд ва гуфт: “Умедворем шоҳиди баргузори рӯйдодҳои фарҳангӣ ва ҳунарии муштараки бештаре дар ҳар ду кишвар бошем”.

Дар бахши дигари ин барнома Шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи суруди миллӣ Гулназар Келдӣ ин намоишгоҳро иқдоме муҳим дар ростои ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар донист.

Бештар боздидкунндагони ин намоишгоҳ бо истиқбол аз ин иқдом хостори таҳким ва густариши ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон шуданд.

Ин намоишгоҳ то 3 майи соли ҷорӣ дар маҳалли меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе идома хоҳад дошт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here