Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи китоб ва бо назардошти муҳимияту гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз шуд. амоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 6-уми сентябр гузаронида мешавад.

Озмун аз се номинатсия – «Ношири муваффақ», «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон» ва «Муаллифи сермаҳсули сол» иборат аст.

Дар доираи баргузории Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» як зумра чорабиниҳо, аз ҷумла маҳфили шеъру суруд дар васфи китоб бо иштироки ҳунарпешагони театрҳо, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон дар назар аст. Инчунин дар доираи намоишгоҳ баргузории конфронси илмӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи табъу нашр дар даврони истиқлолият», озмуни «Қироати шеъру тарона дар васфи Ватану диёр» бо иштироки хонандагони мактабҳо, муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба Намоишгоҳи мазкур зиёда аз 50 муассиса – ноширони ватаниву хориҷӣ, китобхонаҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, донишгоҳҳо ва ҷамъиятҳо даъват шудаанд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки дар намоишгоҳ ноширон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Туркия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Беларус, Ҷумҳурии мардумии Чин, Франсия ва дигар давлатҳо иштирок кунанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мусоидат ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи китоб ба ҳукми анъана даромадааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here