Аз 26-ум то 28-уми сентябри соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон намоиш ва фурӯши тирамоҳии қолиҳои дастбоф баргузор мегардад. Оғози маросими кушодашавии намоиши мазкур 26-уми сентябр, соати 14:00, дар шаҳри Душанбе, х. Рӯдакӣ 89, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Фурӯши тирамоҳии коллексияи қолиҳои «LA’AL Textiles» барои бо нархи дастрас харидани қолиҳои хосаи дастбоф имконияти нодир аст. Дар ороиши мумтоз бо ҳам пайвастани рангҳои нарм, мавзӯъҳои этникӣ ва нақшҳои аслӣ, як иловаи зариф ба ороиши хонаи шумо хоҳанд буд. Қолиҳое, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷику афғон бо назардошти анъанаҳои беҳтарини Шарқ бофта шудаанд, ба хонаи шумо фазои нотакрори ҳузур ва ба шумо ҳисси пайвандӣ бо мероси ҷовидонаи фарҳанги чандинасра мебахшад.

Барои омода кардани коллексияи «LA’AL Textiles» дар якҷоягӣ бо кормандони корхонаҳои нассоҷӣ тақрибан аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон занони ҳунарманд, аз ҷумла намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки дар хонаашон ба бофандагӣ машғул ҳастанд ва инчунин паноҳандагон аз Афғонистон, ки барои онҳо ин намуди кор аксар вақт манбаи ягонаи даромади оилавиашон мебошад, кор карданд.

Дар доираи ҳамкории байни лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (UNIDO) ва Раёсати Комиссариати Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) 30% арзиши ҳар як қолии фурӯхташуда барои дастгирии намояндагони гурӯҳҳои осебпазир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешавад.

Бо харидории қолиҳо аз коллексияи «LA’AL Textiles», шумо ҳам эҳёи анъанаҳои қадимаи қолибофии тоҷику афғонро дастгирӣ мекунед ва ҳам дар баланд бардоштани сифати зиндагии гурӯҳҳои осебпазири Тоҷикистон саҳми муҳим мегузоред.

Добавить комментарий