Дар шаҳри Намангон бо ибтикори идораи назорати ҳарақати нақлиёти вилоят як корвони таблиғотии ғайриоддӣ ташкил карда шуд. Ин корвон аз ронандагон ва пиёдаҳо даъват мекард, ки ҳамеша ҳушёру огоҳ бошанд, вагарна ба сарнавишти талху фоҷиабор дучор хоҳанд шуд.
Ин корвони мошинҳое буд, ки ба эвакуаторҳо бор кардаву дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр онро ба мардум намоиш медоданд. Ин мошинҳо дар натиҷаи садамаҳои гуногун осеб дидаанд ва боиси ҳалокати ҷонӣ ва хисороти молӣ шудаанд.
Дар лавҳаҳое навишта шуда буд, ки “Ронанда, фаромӯш накун, ки туро дар хона аъзои оилаат мунтазиранд!”.
Дар ҷараёни ин намоишгоҳ аз тариқи баландгӯяк эълон мекарданд, ки ронандагон ба қоидаҳои ҳаракати роҳ қатъиян риоя кунанд, мошинро бо суръати баланд наронанд ва худрову дигаронро ба хатар мувоҷеҳ насозанд.
Ҳамзамон, аз мардум даъват мекарданд, ки худ ва кӯдаконашонро эҳтиёт кунанд ва ҳангоми гузаштан аз як самти роҳ ба самти дигари он ҳушёру зирак бошанд. Дар ҷараёни ин намоиш таъсисгарон даста-даста аксу суратҳоеро ба одамон тақдим мекарданд, ки оқибати фоҷиабори риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳро дар худ акс кунонидаанд.
Гуфта мешавад, дар ин вилоят ба садама дучор шудани мошинҳо нозирони роҳро хеле ба ташвиш овардааст. Танҳо дар ҳафт моҳи соли равон 390 садамаи нақлиётӣ рӯй додааст, ки бар асари он 87 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 274 нафар захмҳои гуногун бардоштаанд.
Ба гуфтаи бинандагони ин намоишгоҳи ғайриоддӣ иқдоми наҷиби идораи корҳои дохилии вилояти Намангон қобили дастгирист, зеро ронандаҳои зиёд ба қоидаҳои ҳаракати роҳ риоя намекунанд.
— Баъзеҳо лозиму нолозим мошинро чунон бо сурати баланд меронанд, ки кас ҳайрон мемонад. Ин қатори мошинҳои аз садама осебдидаро бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ташкил кард, зеро чунин тарғиботу ташвиқот низ самараи хуби худро хоҳад дод, — мегӯяд як сокини шаҳри Наманон.
Ба таъкиди ӯ, ҳарчанд миқдори ҷаримаҳо зиёд мешаванд, вале теъдоди ба садама дучор шудани мошинҳову ба ҳалокат расидани ронандагону мусофирони роҳ коҳиш намебинад.
— Намунаи чунин мошинҳои ба садама дучоршударо бояд дар ҳар чорроҳа гузошт, то ронандагон бубинанд ва хулоса бароранд, — иброз дошт ин сокини шаҳри Намангон.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд