Дар шаҳри Тошканд комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҷамъомади навбатии худро баргузор мекунад. Барои ширкат дар ин ҷамъомад нахуствазири қирғиз Улуғбек Марипов дирӯз вориди Тошканд шуд.

Ӯро дар майдони байналмилалии ҳавоии Тошканд ба номи Ислом Каримов нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов истиқбол гирифт.

Гуфта мешавад, ин ҷамъомади муштараки ҳайатҳои ҳукуматии ду давлати ҳамҷавор баъди ташрифи дурӯзаи президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷаборов ба Тошканд ва анҷоми дидору гуфтшунидҳои ӯ бо президент Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин имзои 22 санади ҳамкорӣ,  ба вуқӯъ мепайвандад.

Дар назар аст, ки аъзои комиссияҳои байниҳукуматӣ таҳти раёсати Абдулло Арипов ва Улуғбек Марипов ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистонро муҳокима мекунанд.

Дар доираи ин ташриф нахуствазири Қирғизистон аз чанд обекти саноатии шаҳри Тошканд боздид низ хоҳад кард.

Дар охир аз рӯи натиҷаҳои ҷамъомади комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here