Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20-уми ноябр фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он аз 1-уми декабр андозаи маош, нафақа, идрорпулӣ ва ёрипулӣ баланд бардошта мешавад.

Андозаи музди моҳонаи кормандони корхонаҳои буҷетӣ ва ташкилотҳо, нафақа, идрорпулӣ ва ёрипулӣ ба ҳисоби миёна 1,5 маротиба афзун карда мешавад.

Андозаҳои нави ҳаддиақал:

— музди маош — 172240 сӯм дар як моҳ (ҳоло — 149775 сум);

— нафақаи пиронсолӣ ва ёрипулӣ ба маъюбон аз кӯдакӣ — 336880 сӯм дар як моҳ (292940);

— ёрипулӣ ба куҳансолон ва шаҳрвандони корношоям, ки собиқаи корӣ надоранд — 206720 сӯм дар як моҳ (179755).

Ҳамаи намуди изофа ва пардохти изофӣ ба маош ва нафақа, ҷубронпулӣ ва дигар намуди музд, ки дар нисбати музди миёнаи маош муқаррар шудаанд, аз 1-уми декабр дар асоси андозае, ки дар ҳамин фармон нишон дода шудааст, амалӣ карда мешаванд.

То ин дам музди миёнаи маош дар ин кишвар моҳи октябри соли 2016 баланд бардошта шуда буд, ки он замон низ 1,5 маротиба буд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here