Хатсайри ҳавоии Душанбе — Маскав, ки бояд дирӯз бегоҳ парвоз мекард, ҳудуди 20 соат мутаваққиф шудааст.
Ба гуфтаи мусофирон хатсайри мазкур таҳти рақами 627 тариқи ширкати «Тоҷикэйр», ки бояд аз фурудгоҳи Душанбе ҷониби Мазкав парвоз мекард, ғайричашмдошт мутаваққиф шудааст. Мусофирон мегӯянд сабаби боздошт шудани хатсайрро намедонанд ва онҳоро шаби гузашта дар меҳмонхона ҷой додаанд.
Нозанин, як нафар мусофир, ки тариқи ин хатсайр бояд ба Маскав парвоз мекард, мегӯяд, ки дирӯз, яъне, 3-юми октябр, соати 17 бақайдгириро гузаштаанд ва бояд соати 19 парвоз мекарданд, аммо ба далели номаълум парвоз қатъ шудааст. «Ман бо ду кӯдакам бори аввал парвоз мекунам, аз ин ҳолат хавотир шудам. Шаб моро дар меҳмонхона ҷой карданд. Имрӯз соат қариб ба 12 мерасад, аммо то ҳол ин ҷо нишастаем ва ҳоло ҳам парвоз сурат нагирифтааст», — мегӯяд ин мусофир.
Ягон нафар аз намояндагони ширкати “Тоҷикэйр” ҳозир нашуд, то сабаби таъхири ин хатсайрро шарҳ бидиҳад. Зангҳои пай дар пайи мо бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Ҳамин ҳоло яке дигар аз мусофирон гуфт, ки онҳоро боз ба меҳмонхона бурдаанд ва парвозро ба соати 14-и баъди зӯҳри санаи 4-уми октяб ваъда кардаанд.
Хуршед Фозилов