Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз дохили ҷуздони шаҳрванд Ғ.Ҷ. соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд дар дохили воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ барои азназаргузаронӣ боздошт карда шудааст, 1 ҳазору 944 капсулаҳои таҷҳизоти гуногуни оташбозӣ дарёфт гардидааст.

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми азназаргузаронии ин шаҳрванд аз ҷузвдони ӯ 5 қутии картонӣ иборат аз 460 адад ҷаъбабаробар ба миқдори умумии 1 ҳазору 944 капсулаҳои таҷҳизоти гуногуни оташбозӣ, дарёфт карда шудааст. Боздоштшуда ин миқдор маводи тарфгариро аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон аз мағозаи «Бишкек» харидорӣ кардааст.

Тибқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, маводҳои тарфгарии ба ташхис пешниҳодшуда ба гурӯҳи маводи пиротехникӣ дохил шуда, ҳамаи онҳо аз рӯи таъйноташон барои истифодабарӣ дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

Маводҳо барои андешидани чораҳои қонунӣ ба ШВКДи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here