Шаҳрванд Ҳ. Ш. дар саҳни ҳавлии маркази савдои «Тоҷикистон» дар автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел», рақами қайди давлатиаш 67 58 ВЕ 01, телефонҳои мобилии гаронарзишро пинҳон карда, аз он ҷо ин телефонҳоро дар маркази савдои номбурда ба фурӯш мебаровардааст.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ ин амали ӯ аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ошкор карда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили автомашинаи мазкур ба миқдори умумии 92 адад телефонҳои гаронарзиши тамғаҳои GALAXY ва HUAWEI дарёфт ва гирифта шудаанд. Моли мазкур ба шаҳрванд Ҳ.Ш. тааллуқ дошта, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молро надоштааст.

Мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе арзиши гумрукии телефонҳо 251 ҳазору 262 сомониро ташкил мекардааст.

Доир ба ҳолати мазкур маводҳо дар истеҳсолоти корӣ ва мавриди чораҷӯӣ ҷиҳати таъмини ҷазои маъмурӣ қарор додад.

Акс аз Хадамоти гумрук

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here