Ман, Муродов Муродалӣ Гурезович, 3-юми майи соли 1989 таваллуд шуда, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳастам.

Ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштанам, тариқи радиои «Зелло» шомили  «Гуруҳи 24» гардида, дар чандин тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаву гап задаам.

Пас аз чанде ман дарк кардам, ки фаъолиятам дар «Гуруҳи 24» — ин хиёнат ба ватан ва миллат аст. Ба ин хотир, тасмим гирифтам ба таври ихтиёрӣ ба ватан баргашта, ба мақомоти милитсия ҳозир шавам. Ҳангоми ҳозир шудан ба мақомоти милитсия, кормандони милитсия бо ман муомила ва муносибати самимӣ карда, маро пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуданд. Айни ҳол дар фазои осудаи диёрамон, дар назди падару модар ва зану фарзандонам зиндагӣ карда истодаам.

Қайд карданӣ ҳастам, ки ман ба мисли Гадоев ба хориҷа рафта, боз ба сӯи давлат санг намепартоям. Кирдори Гадоевро маҳкум менамоям. Ӯ номардона рафтор кард. Бо пойи худ ба ватан омада, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд, вале боз бадгӯиашро нисбати Ҳукумату давлат идома дод.

Аз ҳамаи он нафароне, ки фирефтаи саркардагони гуруҳҳои мухолиф дар хориҷи кишвар гардидаанд, даъват менамоям, ки ба ватан баргарданд ва ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, озодона зиндагӣ намоянд. Зеро, танҳо ватан қодир аст, ки моро сарфи назар аз ҳама айбу хатоҳоямон ба оғӯш гирад ва зиндагии шоистаро соҳиб шавем. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Хоки ватан аз тахти Сулаймон беҳтар,

Хори ватан аз лолаву райҳон беҳтар.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here