Дар Бемористони марказии ноҳияи Фархор аз охири  моҳи апрел то имрӯз 134 нафар гирифторони бемории илтиҳобии шуш ва СOVID-19 бистарӣ шуда буданд, ки то рӯзи 25-уми июни соли равон 133 нафарашон шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат шуданд.

Сардухтури Бемористони марказии ноҳияи Фархор Раҷабалӣ Қурбонов дар сӯҳбат ба хабарнигори «Фараж» зикр кард, ки охирин бемор имрӯз аз беморхона рухсат хоҳад шуд.

— Барои беморон ва табибон тамоми шароит муҳаё карда шудааст. Аз ҷониби роҳбари давлат, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону созмонҳои ғайридавлатӣ ба беморхона маводҳои доруворӣ, хурокворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ дастрас карда шуд, — гуфт сардухтур.

Сардухтур иттилоъ дод, ки беморхона 4 дастгоҳи навфасдиҳии сунъӣ дошт, боз як адад аз номи Пешвои миллат ва яке дигар аз ҷониби ташкилоти Ҳилоли Аҳмар ба беморхона тӯҳфа карда шуданд.

— Табибони беморхона бо либоси муҳофизати, дастпӯшак, ниқоб, айнаки тиббӣ, антисептик ва дигар маводи лозима таъмин ҳастанд. Инчунин, дар даромадгоҳи беморхона навбатдор шабонарӯз ҳарорати онҳеро, ки вориди беморхона мешаванд, санҷида, дастонашро безарар гардонида, баъд иҷозати вуруд медиҳад, -гуфт номбурда.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here