Айни замон дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯхи шаҳри Исфара ва деҳаи Орта-Бози ноҳияи Боткон байни сокинони муноқиша идома дорад, хабар медиҳад сухангӯйи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев.

Муноқишаи мазкур бо сабаби худсарона ва бидуни мувофиқа, қатъи назар аз қарордодҳои протоколии Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсия, бо мақсади таъсису ташкили бозору фурӯшгоҳҳо ба марзи маъмурию ҳудудии деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара таҳти ҳимояти сарҳадбонон ва нерӯҳои таъиноти махсуси Қиргизизистон ворид гаштани сокинони деҳаи Орта-Бози ноҳияи Боткон сар задааст, ки ин амали иғвогарона тарҳрезинамудаи онҳо боиси норозигии мардуми маҳаллии деҳоти Чоркӯҳ гардидааст.

Бино бар иттилои расида, ҷониби Қирғизистон, аниқтараш сокинон ва марзбонони қирғиз, ҳатто монеи ба маҳалла ва хонаҳои худ рафтани сокинони маҳаллаи Сомониёни деҳоти Чоркӯҳ шудаанд, ки вазъиятро мураккаб кардааст.

Роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар макони ҳодиса ҳузур дошта баҳри ба эътидол овардани вазъият корбарӣ доранд.

Як навор аз ин ҷо аз ҷониби нафаре аз сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ки ҳолату вазъиятро дар ин минтақаи наздисарҳадӣ аз нигоҳи шоҳидони ҳодисот бозгӯйӣ мекунад.

https://youtu.be/tF_BAcW8d6A

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here