Дар суди вилояти Хатлон парвандаи се чӯпон, ки даст ба куштор задаанд, баррасӣ гардида, нисбати Бадалиев Ф.Ж. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “з” ва 104 қисми 2 банди «з», нисбати Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “з” ва 104 қисми 2 банди «з» Кодекси ҷиноятӣ ҳукм бароварда шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод.

Бадалиев Ф.Ж., Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. дар мавзеи доманакуҳҳои Қарсанбулоқи деҳаи Коммунизм, ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ ба чарондани чорвои калони шохдор, майда, аспҳои ҷамъиятӣ ва шахсии худ машғул будаанд. Дар ин мавзеъ бародарон Наим, Раҳим, Шоназар Наибовҳо ва домоди онҳо Додарбеков Т.М., низ бо нигоҳубини чорво машғул будаанд. Дар миёнашон дар заминаи истифодаи чapoгoҳ ва чоҳи оби нушокии чорво муноқиша cap задааст.

8-уми ноябри соли 2016, сарчупон Бадалиев Ф.Ж. бо Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. дар мавзеъи номбурда бо Наибов Ш. вохурда, дар заминаи хусумати қаблии доштаашон бо ӯ муноқиша кардааанд. Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. бо асочуби чупониашон ба пушти сару миёну пойҳои Наибов Ш. зарбаҳои бешумор зада, сипас Бадалиев Ф.Ж. бо асочубаш бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан, ба қисми болоии сари Наибов Ш. зада, ӯро аз пой афтонидаааст. Дар натиҷа Наибов Ш. аз зарбаҳои зиёди бешумор, аз ҳуш рафта ба дохили чоҳи обгирӣ афтидааст. Ҷинояткорон дар дохили чоҳ низ ҷабрдидаро мавриди  латукӯб  қарор додаанд.

Бадалиев Ф.Ж., Бадалиев Ҷ.А. ва Бадалиев И.Ж, куштори Додарбеков Т., ки тахминан дар масофаи 400 метр дурӣ ба нигоҳубини чорвои худ машғул буд, тарҳрезӣ кардаанд. Онҳо байни худ маслиҳат карда, аз пайи то охир расонидани қасди ҷинояткоронаи худ, ба  назди Додарбеков Т. рафтаанд. Бадалиев Ф.Ж. бо таёқи худ ба сари Додарбеков Т.М., зарба задааст, ки дар натиҷа Додарбеков Т.М., ба замин афтидааст. Бадалиев Ҷ. ва Бадалиев И. боз  амалҳои  ҷинояткоронаи  худро  идома  дода, бо таёқҳои дар  даст  доштаи худ ба қисми паси сар, миён ва поӣҳои Додарбеков Т. зарба зада, ӯро аз ҳаёт маҳрум карданд.

25 декабри соли 2016 аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Бадалиев Ф.Ж. бо моддаҳои  32  қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “з” ва 104 қисми 2 банди «з», нисбати Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. бо моддаҳои 32  қисми 3-104  қисми 2 бандҳои “з” ва 104  қисми 2 банди  «з»  Кодекси  ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз  ба  анҷом  расонидани   тафтишоти  пешакӣ  парвандаи  ҷиноятии  мазкур  бо тасдиқи фикри аӣбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди вилояти Хатлон  ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми коллегияи судии вилояти Хатлон аз 4 июли соли 2017 Бадалиев Ф.Ж. ба муҳлати  27  сол, Бадалиев И.Ж. ва Бадалиев Ҷ.А. ба муҳлати 25 солӣ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here