Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон як марди 65-сола бо писари 33-солаи худ муноқиша карда, ба бадани ӯ се маротиба бо корд задааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 65-солаи сокини деҳаи Ғешти ноҳияи Муъминобод бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, рӯзи 27-уми марти соли 2019, тахминан соати 17:30, бо писари 33-солааш муноқиша карда, бо корд 3 маротиба ба бадани ӯ задааст. Дар натиҷа, писараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here