Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои қирғизи худ Сооронбай Ҷээнбеков гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.

Сарони ду давлат масъалаҳои вобаста ба ҳодисаеро баррасӣ кардаанд, ки дар қисмати наздисарҳадии ду кишвари ҳамҷавор — Чашмаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ва Чечмеи ноҳияи Қадамҷойи вилояти Боткент рух додааст.

Гуфта мешавад, онҳо ба муҳим будани масъалаи  пиёда кардани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии такрор нашудани чунин вазъият таъкид карданд. Ҳамчунин, қайд шудааст, ки гуфтушунидҳои ҳайати ҳукуматии ду кишвар самари хуб хоҳад дод.

Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон тазаккур додааст, ки ҷонибҳо дар гуфтугӯи телефонӣ танзими масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва муайян намудани нуқтаҳои нави рушди ин ҳамкориҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, сармоягузорӣ ва нақлиёту коммуникатсия барои тавсеаи робитаҳои ду кишвар омили муҳим арзёбӣ кардаанд.

Пешниҳод шудааст, ки аз баргузор намудани ҷамъомадҳои навбатии Комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои роҳбарони маъмуриятҳои вилоятҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон ва Қирғизистон  дастгирӣ мекунанд.

Дар ин мулоқоти зарурати идома додани корҳои муштарак ва дар ҳамоҳангӣ пиёда кардани корҳои зидди пахши бемории коронавирус низ матраҳ шудааст. Ҳамчунин, масъалаҳои байналмилалӣ таҳти баррасии ду президент қарор гирифтааст.

Шавкат Мирзиёев ва Сооронбой Ҷээнбеков омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстиву рафоқат, ҳамсоягии неку ҳасана ва ҳамкории стратегии байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон баён карда, натиҷаҳои онро барои манфиати ду халқи бародар хеле муҳим арзёбӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз як қатори автобусҳо ва мошинҳои сабукрави ҳомили дармондагони сокинони Сӯх аз шаҳри Фарғона ҷониби ноҳияи Сӯх равон шуд ва ҳудуди 700 нафарро ба манзил расонд. Онҳо ними шаб аз тариқи хоки Қирғизистон ба Сӯх интиқол дода шуданд.

Бино ба маълумотҳои расида, ин маҳз натиҷаи суҳбати телефонии ду сарвари давлат, ҳамчунин диду мулоқотҳои сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов бо намояндаи Ҳукумати Қирғизистон мебошад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here