Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷониш Рустенбеков  бо хоҳиши ӯ мулоқот кард.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба мо иттилоъ дод, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии наку ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд. Дар оғоз Шукурҷон Зуҳуров дипломати қирғизро ба муносибати ба ин мақом таъин гардиданаш табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд таҳкиму густариши бештар пайдо мекунанд.

Гуфта шуд, ки 10 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ки дар ҷараёни сафари 1-2 феврали соли 2018 кардаи президенти тоза интихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбек Жээнбеков ба имзо расиданд, маҷмӯи шартномавӣ ва ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро, дар ҳақиқат, мустаҳкам кардд.

Зуҳуров ҳамчунин таъкид кард, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро 98 санад ташкил медиҳад, ки дар давоми солҳои 1993-2018 ба имзо расидаанд. Санадҳое, ки байни ду кишвар ба имзо расидаанд, заминаи мустаҳкаме барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо ва дар асоси ҳамдигарфаҳмии судманд ба шумор мераванд. Дар айни замон, беш аз 10 лоиҳаи ҳуҷҷатҳо дар баррасии ҷонибҳо қаоро дорад.

-Нақши парлумонҳои мо, — гуфт дар идомаи суҳбат Шукурҷон Зуҳуров, — дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои якдигар хеле муҳим ва назаррас мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем. Мавсуф фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистонро қадами бисёр муҳим ҷиҳати тақвият ёфтани робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳар ду мамлакат арзёбӣ намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Қирғизистон  гуфтугӯй судманд сурат гирифт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here