Дар мулоқоти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Ҷиянбеков, Президенти Туркманистон Қурбонгулиӣ Бердимуҳаммедов ва Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ширкат карданд. Қабл аз оғози музокираҳо сарони давлатҳо якҷоя акс гирифтанд.

Баъд, дар шакли маҳдуд, мулоқоти сарони давлатҳо ба вуқӯъ пайваст. Дар он Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нутқ кард. Вай гуфт, ки ин дидору гуфтугӯҳо тақозои давр аст ва дар мустаҳкам намудани ҳамсоягии нек ва тавсеаи ҳамкориҳо мусоидат хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки бо саъй ва эҳтимоми раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва иродаи сиёсии онҳо масъалаҳои зиёд ҳаллу фасл мешаванд. Чунин дигаргуниҳо аз тарафи шаҳрвандони панҷ кишвар хеле хуб истиқболи гарм пайдо мекунанд ва онро ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мусбат арзёбӣ менамояд.

— Бо инояту марҳамати Парвардигор мо ҳамсоя ҳастем. Таърих ва тақдири мардуми мо, ояндаи онҳо ба ҳамдигар вобаста мебошанд. Ин нерӯи бузургест, ки минтақаи моро муттаҳид месозад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Тавре ки сарвари давлати Ӯзбекистон таъкид кард, дар Осиёи Марказӣ нуқтаи назарҳо дар мавриди ҳамкориҳо бояд аз ихтилофҳо орӣ бошанд. Пеш аз ҳама лозим аст, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ривоҷ ёбад.  Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев минтақаи Осиёи Марказӣ аз захираҳои ашёи хоми табиӣ ва инсонӣ  ғанӣ аст ва он бояд пурра баҳрабардорӣ шавад. Ҳамчунин муайян намудани имкониятҳои ҷадид ва амалӣ намудани лоиҳаҳои кооператсия барои дар минтақаи мазкур васеъ намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор омили муҳим шумурда мешаванд.

Гуфта шуд, ки Ӯзбекистон аз рӯи саноати мошинсозӣ, техникаи барқӣ, саноати бофандагӣ ва бахши кишоварзӣ омода аст бо ҳамсояҳои худ ҳамкорӣ кунад. Шавкат Мирзиёев дар заминаи ин масъалаи ташкил намудани форуми сармоявӣ, роҳандозии мулоқотҳои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати панҷ кишварро дар миён гузошт.

— Масъалаи дигаре, ки барои минтақа зарур аст, мустаҳкам намудани вобастагии нақлиётӣ ва салоҳияти транзитӣ мебошад, — гуфт ӯ.

Ба таъкиди Шавкат Мирзиёев бо истифода аз инфрасохтори логистикаи замонавӣ, ки низоми нақлиётии Осиёи Марказӣ бунёд намудааст, дар дохили минтақа коммуникатсияи доимиро барои хизмат ҷиҳати коҳиши мавҷи транзит таъмин кардан лозим шудааст. Барои коммуникатсияҳои нақлиётӣ таъсиси шӯрои минтақавӣ тақозо мегардад, ҳамчунин барои дастаҷамъона ривоҷ додани низоми нақлиётии Осиёи Марказӣ тезонидани суръати таҳияи барнома ва шартнома низ аз масъалаҳои муҳим хоҳад буд.

Сониян, Ӯзбекистон омода аст, ки бо дарназардошти манфиатҳои давомноки минтақа дар соҳаи барқ ва амалӣ сохтани лоиҳаҳо бобати ба вуҷуд овардани инфрасохторҳои замонавии барқ  ҳамкорӣ намояд.

Дар мулоқот Шавкат Мирзиёев перомуни салоҳиятҳои саёҳии Ӯзбекистон низ таваққуф намуд ва даъват кард, ки конфаронси байналмилалии саёҳии “Саёҳат ба Осиёи Марказӣ”-ро дастаҷамъона баргузор кунанд. Вай дар идома ба манзури рафъи мушкилоти баҳрабардорӣ аз манбаҳои об пешниҳод кард, ки ин масъала бо ҳусни тафоҳум ҳаллу фасл карда шавад. Таъкид гардид, ки барои эҳёи амну субот, боло бурдани иқтисод ва дастрасӣ ба муросои миллӣ дар Афғонистон ҳамоҳанг сохтани саъй ва талошҳои мамлакатҳои минтақаро ногузир арзёбӣ намуд.

Сипас, музокираҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи васеъ идома кард.

Баъди музокираҳои пурсамар роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар хиёбони Меҳмонҳои фахрии бӯстонсарои Кӯксарой  ниҳолҳо шинониданд, ки ба сифати рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон арзёбӣ шуд.

Дар поёни мулоқот аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти дуюми машваратии сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори омма брифинг баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз он ибрози қаноатмандӣ кард, ки мулоқот дар фазои дӯстии анъанавӣ ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ гузашт. Сарони кишварҳо собит намуданд, ки барои дар минтақа ба вуҷуд омадани эътимод ва бунёди муҳити ҳамоягии нек ҳама назари ягона доранд.

— Мо масъалаҳои ногузири ҳамкориҳоро муҳокима кардем. Тасдиқ гардид, ки дар тавсеа додани ҳамкориҳои миёни мамлакатҳоямон ягон ихтилофи назар мавҷуд нест ва перомуни масъалаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ низ афкори мо хеле боҳам наздик мебошад, — изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Ҳамчунин вай роҷеъ ба он ҳарф зад, ки монеаҳои тиҷоратӣ аз байн бардошта шаванд, кооператсияи савдоро пурзӯр намоянд, инфрасохтори барқро модернизатсия кунанд ва имкониятҳои транзитии минтақаро густариш диҳанд.

Шавкат Мирзиёев гуфт, ки дар поёни нишаст Баёнияи муштарак қабул гардид ва регламенти омодагирӣ ва баргузории Мулоқотҳои машваратӣ бо як овоз маъқул дониста шуд.

Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев  бо як овоз Раиси фахрии Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ интихоб гардид.

Мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ соли яонда дар Қазоқистон баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки ба шарафи ташрифи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маросими қабул баргузор намуд. Баъд меҳмонҳоро то майдони ҳавоӣ гусел кард.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, щаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here