Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 26-уми июл ба шаҳри Исфара сафар карда, бо сокинони минтақаи марзии Ворух мулоқот кардааст.

Бахши қирғизии РО хабар додааст, ки президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков низ ба минтақаи марзӣ расида, бо мардуми Оқсой – маҳудди ҳаммарз бо Ворух, мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар назар аст президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар Ворух вохӯрда, бо сокинони маҳаллӣ мулоқот мекунанд. Сипас, гуфтугӯи ҷонибҳо дар шаҳри Исфара идома хоҳад кард.

Мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде пештар миёни сокинони марзӣ дар Ворух муноқиша сар зад ва бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 30 нафар аз ҳар ду ҷониб захмӣ шуданд.

Тафсилот аз мулоқоти президентҳо баъдтар нашр хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here