Имрӯз, ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ бо раиси палатаи поёнии Парлумони Япония ҷаноби Тадаморӣ Ошима мулоқот кард. Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония ҷаноби Тадаморӣ Ошима аз ҷараёни ҳамкориҳои байнипарлумони миёни кишварҳои Тоҷикистону Япония изҳори қаноатманди намуда, сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба кишвараш дар тавсеаи равобит ва таҳкими дӯстии парламентҳо ва мардумони Тоҷикистону Япония муҳим арзиёбӣ намуд.

Роҳбари ҳайати парлумонии Тоҷикистон Олим Салимзода зимни изҳори сипос ба Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония ҳамкориҳои дуҷонибаи парламентиро мувофиқи мақсад дониста, таъсиси марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аз ҷумла Маркази Япония оид ба рушди инсонӣ дар Тоҷикистонро ёдовар шуд. Дарёфти қарзҳои имтиёзноки йениро мустақиман ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ мавсуф пешниҳод намуд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҷалолов Мирзошариф дар вохӯрӣ иштирок намуд. Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо сурат гирифт.

Дар доираи сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон  ба Ҷумҳурии Япония  дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои олии кишвари иқомат барои дарёфти унвонҳои илмӣ таҳсил ва кору зиндагӣ мекунанд, дидор намуд.

Зимни ин дидор миёни иштирокчиён оид ба таҳавуллоти соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои муҳими ватан, фаъолияти Парлумони кишвар дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.

Донишҷӯёни кишвар зимни изҳори сипос ба ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидор, инчунин набуди хизматрасониҳои почтаи сарӣ ва мӯътамад аз қабили DHL дар Тоҷикистонро барои дастрас кардани китобу ҳуҷҷатҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари иқомат ҳамчун монеа дар ин самт шумориданд.

Худи ҳамин рӯз,  дар бинои парлумони Япония вохӯрии ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати муҳити зист ва Агентии сайёҳии Вазорати замин, зерсохтор, нақлиёт ва туризми Япония баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони Япония дар бораи фаъолият ва нақшаву стратегияҳои сохторҳои давлатии кишвари иқомат дар самти туризм ва боғҳои миллии Япония маърӯза намуда, дар зимни миёни ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи туризм ва гардишгарии хориҷӣ мулоқотҳои судманд анҷом гирифт.

Баъд аз вохӯрӣ, ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои таърихии парлумони Япония ва толорҳои маҷлисии он дидан намудан.

Баъди нисфирузи,  дар Вазорати корҳои хориҷии Япония миёни ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония Кенҷӣ ЯМАДА мулоқоти судманду хотирмон гузашт.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои парлумониро хуб арзёбӣ намуда, аз натиҷаи ҳамкориҳо дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналхалқӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Шоми ҳамин рӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Озмоишгоҳи парвариши растаниҳои сабзавотӣ дар гармхонаҳои геотермалии Донишгоҳи Чиба ва Осорхонаи ширкати ҳавопаймоии «All Nippon Airways» (ANA) ба мақсади шиносоӣ аз фаъолияти он ниҳодҳо боздид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати кишвар иборат аз Раиси гуруҳи дустии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония — Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуғаффор Раҳмонзода, Ҳоким Холиқзода, Гулбаҳор Назирӣ ва Гулбаҳор Ашурзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҷалолов Мирзошариф иборат мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here