21 ноябри соли 2017 раиси Маҷлиси миллии МО ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири навтаъйини Штатҳои Муттаҳидаи Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷузе Алфонсо Зегбе Камаренаро, ки қароргоҳаш дар шаҳри Теҳрони Эрон аст, бо хоҳиши ӯ, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот Убайдуллоев сафрирро ба муносибати ба ин вазифа таъин шуданаш табрик гуфт ва илова кард, ки ҳамкориҳои ҷойдошта дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, бахусус дар самти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-
Сафир барои пуштибонии ҷониби Тоҷикистон аз намояндаи Штатҳои Муттаҳидаи Мексика хонум Габриелла Куэвас, ки дар Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди байнипарламентӣ 18 октябри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба ҳайси Президенти Иттиҳод интихоб гардид, арзи сипос кард.