Роҳбари Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршеди Атовулло, имрӯз, 24 октябр, дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯёни шӯъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, мулоқот доир намуд.

Хуршеди Атовулло дар бораи фаъолияти худ, вазъу фазои иттилоотии имрӯза дар мамлакат ва ҳамзамон дар бораи таъсису фаъолияти Маркази таҳқиқоти журналистӣ Тоҷикистон сухан ронд. 

Донишҷӯёне, ки дар оянда мехоҳанд рӯзноманигор шаванд, аз  мушкилиҳое, ки онҳоро интизор аст ва ба камбудиҳое, ки бояд роҳ надиҳанд дар ҷараёни сӯҳбат дар ин маврид суол додаву посухҳои мушаххас гирифтанд.

Роҳбари Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон журналистони ҷавонро барои ҳамкорӣ бо оҷонсии иттилооттии Sugdnews даъват намуд.

— Мо барои худ зиндагӣ намекунем. Барои дигарон нури чашм кам мекунем ва хуни дил мехурем, — иброз дошт Хуршеди Атовулло.

Дар рафти  ин мулоқоти озод байни донишҷӯён ва роҳбари Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон мулоҳизаву мубоҳиса сурат гирифт.

Нигора Ҷӯраева

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here