Мутахассиси тоҷикистонӣ Муҳсин Муҳаммадиев сармураббии дастаи футболи «Бухоро»-и шаҳри Бухорои Узбекистон таъйин шудааст.

Дар хабар аст, ки яке аз чеҳраҳои шинохтаи футболи Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев, собиқ ҳамлагари дастаи овозадори «Помир» (Душанбе), сармураббии пешини дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва собиқ сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ҳамакнун ба ҳайси сармураббии дастаи футболи «Бухоро» (Бухоро)-и Ӯзбекистон фаъолият хоҳад кард. Дастаи «Бухоро» дар Суперлигаи футболи Узбекистон баромад мекунад. «Бухоро» баъди 9 давр бо 7 имтиёз дар зинаи пеш аз охирин, яъне сездаҳуми ҷавдал, қарор дорад. Муҳаммадиев дар ин вазифа аввалин бозии худро 16-уми июн бо пешсафи чемпионат «Пахтакор»-и Тошканд баргузор мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here