Дирӯз, 29-уми август, маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон гузашт.
Дар бораи ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 таҳти рақами 89 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасои масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода гузориш дод.
Таъкид гардид, ки бо мақсади паст намудани шиддати паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ ва расондани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба ниёзмандон ин барномаи миллӣ қабул гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои иҷрои босифати Барнома чораҳои иловагӣ андешида шавад.
Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бучети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо Дар бораи консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Дар бораи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 ва Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии “Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” муҳокима гардида, вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.