Наздики сад воситаи нақлиёти муҳоҷироне, ки бояд аз Русия ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ворид мегаштанд, ду рӯз боз бо сабаби баста будани гузаргоҳи сарҳадии Ӯзбекистон бо Қазоқистон  дар нимароҳ ҳайрон мондаанд.

Зимни суҳбати телефонӣ бо хабарнигори “Фараж” муҳоҷирони тоҷик зикр карданд, ки дар минтақаи “Черявка”-и Қазоқистон қарор доранд. Бояд тариқи гузаргоҳи “Хишт – Купрук”-и Ӯзбекистон сарҳадро убур кунанд, аммо бо сабаби дар Ӯзбекистон ба қайд гирифтани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус марду зану кӯдак ҳама ин ҷо мунтазири тасмимоти мақомдорони ӯзбеканд. Ба қавли як муҳоҷири тоҷик, онҳоро ҳатто иҷозаи ба қафо ба Русия баргаштан ҳам намедиҳанд.

Нархи маҳсулоти ғизоӣ низ дар ин минтақаи сарҳадӣ дар ду рӯз якбора то ду баробар гарон шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here