Душанбе, Тоҷикистон, 10 сентябри соли 2020 ТҒД «Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон».

Хоҳишмандон аз созмон ва васоити ахбори оммаи кишвар тавонистаанд, ки таҷҳизоти муҳофизатии шахсиро (ТМШ), ки барои инъикоси мавзӯъҳои марбут ба Covid-19 ё дигар бемориҳои хатарнок истифода мешаванд, ройгон ба даст оранд. Ин ба шарофати лоиҳаи ТҒҲ «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон» имконпазир гардид. Хотиррасон мекунем, ки маҷмӯи ТМШ хилъати махсуси муҳофизатии кулоҳдор, рӯкашҳои пойафзол (бахил), дастпӯшакҳо, айнакҳо, ниқобҳо ва маҳлули антисептикиро дар бар мегирад.

«Пас аз интишори эълони қабули дархостҳо барои ба даст овардани ТМШ, ба мо барои дастрас кардани он номаҳои зиёд расиданд., — мегӯяд директори ТҒД МТЖТ Хуршеди Атовулло. – Барои ҳеч кадоме аз ВАО новобаста аз шакли моликият ва мансубияти минтақавӣ маҳдудият вуҷуд надошт. ТМШ ба кулли созмонҳои ВАО дар Душанбе, Суғд, Хатлон ва ВМКБ расонида шуд».

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ҳамоҳангсози лоиҳа Зоҳири Сайфулло, дар ҳоли ҳозир, тақрибан ҳафтсад маҷмӯи ТМШ ба ихтиёри расонаҳои довталаб дода шудааст. Вай инчунин қайд кард, ки кумак танҳо дар асоси аризаҳои аз ташкилотҳо воридшуда расонида мешавад. Аз ин сабаб, рӯзноманигорони мустақил, стрингерҳо ва баъзе блогнависҳои фаъол, ки низ мехостанд барои худ маҷмӯи ТМШ дастрас кунанд, бенасиб монданд. » МТЖТ пешниҳод кард, ки ин рӯзноманигорон ва стрингерҳо ба созмонҳои ғайриҳукуматии маъруф ба монанди НАНСМИТ, Шӯрои ВАО, Медиа Консалтинги Тоҷикистон тамос гиранд, ки онҳо метавонанд аз номи онҳо дархости дастаҷамъӣ тартиб диҳанд, ки барояшон маҷмӯи ТМШ дода мешавад, — мегӯяд З.Сайфулло. — Баъзе рӯзноманигорон аллакай аз ин имконият истифода карданд. Масалан, рӯзноманигорони Хуҷанд, ки аз номи филиали Иттифоқи журналистони вилояти Суғд дархости дастаҷамъӣ доданд».

Дар айни замон, дар анборҳои МТЖТ зиёда аз 100 маҷмӯи ТМШ боқӣ мондааст, бинобар ин мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 1 октябри соли ҷорӣ тамдид карда шуд. Дар тӯли ин муддат, ташкилотҳои ВАО, ки ТМШ нагирифтаанд, метавонанд аз ин имконият истифода баранд ва бо фиристодани дархостҳои худ, ин таҷҳизоти муҳофизатиро барои редаксияи худ ба даст оранд. Шумо метавонед варақаи пешниҳоди дархостро дар ин ҷо дастрас кунед.

Таъмини ТМШ барои ВАО дар Тоҷикистон тавассути дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Душанбе роҳандозӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки ин кумаки ягонаи ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон барои пешгирии «вабои аср»-и нав — COVID-19 нест. Қаблан низ ҳукумати ИМА дар мубориза бо ин беморӣ ба Тоҷикистон кумаки назаррас расонида буд.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here