Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Лондон намоишгоҳи расмҳои муосири Тоҷикистон «Санъати Роҳи абрешим: фарҳанги анъанавӣ ва муосир дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Намоишгоҳ аз санаи 10 сентябри соли равон фаъолиятро оғоз намуда, дар давоми моҳ барои боздид дастрас аст.

Дар намоиш асарҳои рассомони маъруфи Тоҷик, аз ҷумла Фаррух Негматазаде, Олим Камолов, Раҳим Сафаров, Баҳром Исматов, Эраҷ Олимов, Умед Ахмедов, Шота Шобутолибов, Алиназар Мавлоназаров ба намоиш гузошта мешаванд.

Тавре, ки Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Британияи Кабир ҷаноби Масуд Халифазода қайд менамояд: «Дар расмҳои худ, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон офарида шудаанд, рассомони Тоҷик хусусиятҳои муҳими тафаккури мардум ва рангҳои бойи сарзамини офтобии моро тасвир намудаанд. Намоишгоҳи рассомони мо дар пойтахти фаргҳангии Британия нишонаи рамзии ифтитоҳи ин чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолият арзёбӣ мегардад».

Қуллаҳои баланд, кулҳои шаффоф ва ҳамвориҳои ҳосилхези Тоҷикистон, ки дар  шоҳроҳи таърихии Абрешим дар Осиёи Марказӣ ҷойгир мебошад, шоирон, навозандагон ва рассомон аз таърихи ҳазорсола илҳом гирифтаанд ва анъанаҳои бойи фарҳанги ниёгони худро то ҳол идома медиҳанд. Ин нақшҳоро дар санъати рассомони Тоҷик дидан мумкин аст, ки асолати ватани худро бо нигоҳи муосир омезиш медиҳанд.

Ин намоишгоҳ идомаи экспозитсияи баҳорӣ дар галереяи ZARI дар Лондон мебошад, ки қаблан дар шакли виртуалӣ ҳамчун посухи мо ба чолишҳои пандемия баргузор шуда буд, — гуфт роҳбари Маркази фарҳангии Тоҷикон Аниса Сабирӣ.  — Имрӯз, дар робита ба суст шудани пандемия дар Лондон, мо имкони беназир дорем, ки аз формати виртуалӣ баромада, тамошобинони Лондонро бо асарҳои рассомони худ бо чашми худ шинос кунем.  Хоҳишмандон метавонанд расмҳоро харидорӣ кунанд, ки ин барои рассомони мо дар давраи душвор дастгирии назаррас хоҳад буд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ташкил гардидааст.

Чиптаҳо ройгон буда, тавассути сомонаи мазкур дастрас карда мешаванд: https://www.eventbrite.co.uk/e/art-of-the-silk-road-in-tajikistan-embassy-tickets-119266476241?utm_campaign=post_old_publish&utm_medium=email&utm_source=eventbrite&utm_content=fullLinkOldEmail

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here