25 октябри соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҶСК “Тоҷик Эйр” муаррифии ҳавопаймои Bombardier CRJ–200-и истеҳсоли Канадаро дар ҳузури масъулини гуногуни соҳаи ҳавонавардӣ, меҳмонон ва намояндагони ВАО баргузор кард.

Ҳангоми муаррифии ҳавопаймои нав Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” иброз дошт, ки дар стратегияи дарозмуддати ширкат навсозӣ ва зиёд намудани парки ҳавопаймоӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст.

— Мо саъйу кӯшиш дорем, ки парки ширкатро бо ҳавопаймоҳои замонавиву муосир ва мутобиқ ба иқлиму минтақаи мо ҳам аз ҷиҳати тиҷоратӣ ва ҳам аз нуқтаи назари ҷуғрофияи парвозҳо сол ба сол пурра намоем. Мо ният дорем, ки 4 адад ҳавопаймоҳои навъи Bombardier  харидорӣ кунем. Алҳол мо дар муаррифии яке аз ин ҳавопаймоҳо ҳузур дорем. Мо нақша дорем, ки ҳавопаймои дуюмро то соли нав харидорӣ кунем. Ду адад ҳавопаймои дигар дар соли 2019 харидорӣ карда мешаванд. Яъне ҶСК “Тоҷик Эйр” парки ҳавопаймоиашро бо ду адад ҳавопаймои Bombardier CRJ-200 ва ду адад ҳавопаймои Bombardier CRJ-900 пурра менамояд. Ин қарори стратегӣ барои татбиқи ҳадафҳои нақшавӣ барои модернизатсия ва рушди ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” мебошад.

Афзалиятҳои асосии ин навъи ҳавопаймо – ин сатҳи баланди самаранокӣ, муҳаррикҳои пурқувват ва бароҳатии салон мебошад. Ғунҷоиши ҳавопаймо 50 мусофир ва 2 сарнишинро дар бар мегирад. 

Аз самими дил, ман ҳамаи мусофирон, шарикон, ҳамкорон, инчунин ҳамаи сокинони кишварро бо ин чорабинии муҳим, яъне ба харидорӣ ва истифода бурдани ҳавопаймо дар хатсайрҳои амалкунандаи ширкат табрик менамоям. Албатта, ин дастовард саҳми назарраси ширкати ҳавопаймоии мо барои рушди авиатсияи ватанӣ мебошад. Bombardier CRJ-200 ҳавопаймои замонавие мебошад, ки метавонад дар шароити номусоиди обу ҳаво, ки дар шароити иқлими минтақа муҳим аст, парвозҳо анҷом диҳад. Ин ҳавопаймои тиҷоратии хеле босифат, аз ҷиҳати масрафи ками сӯзишворӣ истифодабарии он дар хатсайрҳои миёнаи ҳавоӣ — масалан, аз Душанбе ба Бишкек, ё Деҳлӣ ва Урумчӣ мебошанд «, — дар анҷом илова намуд Хайрулло Раҳимов, директори генералии ширкати ҳавопаймоии миллии “Тоҷик Эйр” ба намояндагони ВАО.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хизматрасониҳои интиқоли мусофирон ва борро ба самтҳои зерин: Душанбе-Алмаато, Душанбе-Бишкек, Душанбе-Деҳлӣ, Душанбе-Теҳрон, Душанбе-Москва, Душанбе-Екатеринбург, Душанбе-Новосибирск, Душанбе-Сургут ва ба дигар самтҳо анҷом медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here