8-9-уми январи соли 2018 дар Душанбе вохӯрии гурӯҳи кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия (муайян кардани сарҳадӣ давлатӣ бо марзи буриши он ва дар асоси қарордод ба харита ворид кардан) ва демаркатсияи (гузоштани нишонаҳо) сарҳади давлатии Тоҷикикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои дахлдор вобаста ба гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар минтақаҳои боқимондаи он муҳокима гардид.

Санаи 10 январи соли 2018 вохӯрии гурӯҳи корӣ дар доираи ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов идома хоҳад ёфт.

Дар бӯстонсарои ҳукумати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here