15-уми сентябр дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои маъмурикунонии андоз» баргузор гардид.
Мизи мудаварро муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ифтитоҳ намуда, вобаста ба андозбандӣ, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи андоз, мунтазам мукаммалсозии бахши мазкур ва ҷанбаҳои дигари ин масъала ибрози назар кард.
Сипас, намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд, мақомоти давлатӣ ва коршиносони байналмилалии соҳаи андоз оид ба масъалаҳои андоз, танзимсозӣ ва маъмуригардонии он, андешидани тадбирҳо дар ин самт суханронӣ ва табодули афкор намуданд.
Намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла Директори генералии ҶСК “Гулистони Душанбе” Бегов Дилшод Мирзомурод оид ба масъалаҳои андозбандии корхонаҳои истеҳсолӣ, коршиноси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои андоз Андрей Kрасников оид ба масъалаҳои андозбандӣ дар бахши кишоварзӣ ва муаррифии таҷрибаи пешқадами маъмурикунонии андоз дар кишварҳои минтақа, Директори ТҶ — маркази машваратдиҳӣ ва иттилоотии “Мушовир” Садиров О. А. таҷрибаи муваффақи хизматрасониро дар соҳаи андоз, ки айни замон дар вилояти Суғд амалӣ мешавад, муаррифӣ намуда, таъсиси чунин хадамотҳоро дар тамоми ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ кард.
Бояд ёдовар шуд, ки тибқи банди 2 Пртоколи ҷаласаи ХVI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 12 апрели соли 2016 ҷиҳати баррасӣ ва пешниҳод оид ба масъалаи роҳандозии фаъолияти хадамотҳои хизматрасонии машваратӣ дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст.
Чорабинӣ бо ибтикори Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.