Дар ноҳияи Инстрински наздикии Маскав ҳодисаи аҷибе рух дод, ки қариб ба фоҷиа анҷом мешуд. Ба як духтари 11-сола саги зоти ротвейлер ҳамла кардааст, ки муҳоҷирони тоҷик духтарро наҷот додаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, сохтмончиёни тоҷик дар қитъаи наздиҳавлигӣ  кор мекарданд, ки овози кӯдакро мешунаванд ва сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, духтарчаро аз саги калони бадҷаҳл наҷот додаанд.

Ҳодиса дар деҳа ба вуқӯъ пайвастааст, ки Настя ҳамроҳи дӯстони худ сайругашт мекардаст. Ногаҳон аз паси девор саги калони ротвейлер баромада ба сӯяш ҳамла намудааст. Чор нафар сохтмончӣ овози кӯдакро шунида барои наҷотдиҳӣ шитобидаанд.

“Мо садои доду фарёдро шунидем ва ба кӯмак давидем. Вақте расидем, саг духтарчаро аз гулӯяш гирифта буд. Баъди чанд зарбаи бел саг гурехт”, — нақл кардааст Дилшод.

Ӯ изҳор доштааст, ки падари 6 фарзанд аст ва дар чунин ҳолатҳо ҳеҷ кас наметавонад бетараф бошад. Сохтмончиёни тоҷик то расидани табибон кӯмаки аввалияи тиббӣ расонда, пеши роҳи хунравии шадидро гирифтаанд.

Настя ҷарроҳӣ шудааст ва ба гуфтаи табибон бояд таҳти назорату барқарорсозии тӯлонӣ қарор гирад. 

Падари Настя бо изҳори миннатдорӣ ба сохтмончиёни тоҷик изҳор доштааст, ки духтараш чанд захми хатарнок барои ҳаётро бардоштааст.

Соҳиби саги ҳамлагар муайян гардида, феълан таҳқиқи қазия идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here