“Аксари рафтори нангини худи муҳоҷирони тоҷик сабаби ҷарима ва ё хуруҷ шудани онњо аз марзи Русия мегардад”, – иброз дошт роҳбари Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода дар нишасти хабарии имрӯза дар шаҳри Душанбе.

Дар рафти нишасти матбуотии ВҲИ масъалаҳои муҳим оид ба ҳуқуқи инсон,  аз ҷумла, будубошти муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, хусусан Русия, ҳуқуқи кӯдакони берун аз марзи кишвар дар мамлакатҳои Сурия, Ироқ ва Туркия қарордошта, надодани таъмини иҷтимоӣ (алимент), мурофиаҳои ноадолатонаи  судӣ ва одамрабоию кӯдакдуздӣ матраҳ шуд. Дар ин радиф муроҷиату шикоятҳои шаҳрвандон ба ВҲИ дар масалаҳои гуногуни ҳуқуқї дар санҷишу баррасии мақомот қарор гирифтааст. Аз гузориши мақомот бармеояд, ки дар соли 2017-ум 3864 муроҷиат ба қайд гирифта шуда, ки нисбат ба соли 2016-ум (3558) 304 адад бештар мебошад. Аз ин нишондод 739 адад муроҷиат хаттӣ ва 3125 адад шифоҳӣ мебошанд.

Нуралӣ Карим

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here