Аз шаҳру деҳоти Панҷакент раванди муҳоҷират нисбатан камтар гаридда бошад ҳам, аммо он нисбати соли гузашта дар байни занҳо зиёд шудааст. Дар ин бора аз шӯъбаи хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент ба faraj.tj  иттилоъ доданд.

Сардори шӯъбаи мазкур Фирдавс Умаров, гуфт, соли 2016 дар шаҳру деҳоти Панҷакент 10692 нафар  муҳоҷирин ба қайд гирифта шуда буданд, ки  аз он 9748 нафар мард ва 944 нафар зан буданд.

Дар 11 моҳи соли равон, шумораи умумии муҳоҷирон аз шаҳру деҳоти Панҷакент 10418 нафарро ташкил медиҳанд. Ба иттилои Умаров аз ин шумора 9369 нафар мард ва 1049 нафар зан будаанд. Дар умум, дар соли равон нисбати соли гузашта 274 нафар камтар сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент ба муҳоҷират рафтаанд.

Ҳамасола дар ҷаҳон санаи 18-уми декабр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират қайд карда мешавад.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here