Дар натиҷаи назорату санҷишҳои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 9050 адад қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд, ки 6687 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1797 ҳолати бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 208 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 358 ҳолат ба шуғли аҳолӣ вобаста мебошанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, имруз, 6-уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 577 нафар корфармоён ва шахсони масъули корхонаю ташкилотҳо дар ҳаҷми 615,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, бо дахолати хадамоти мазкур дар натиҷаи санҷишҳо 125 миллиону 588 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат ва шаҳрвандон пардохт карда шудааст.

Тибқи маълумоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон соли 2017 аз ҷумҳурӣ 487757 нафар шаҳрванд ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар кардаанд, ки назар ба соли 2016-ум 29551 нафар ё 6% кам мебошанд. Дар ин давра 412 660 нафар аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан баргаштаанд, ки нисбат ба соли 2016-ум 24 314 нафар ё 6% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон бо чор давлат Русия, Қазоқистон, Белорусия ва Қирғизистон шартномаи тарафайни муҳоҷират ба имзо расонидааст, ки гуфта шуд 90% шаҳрвандони Тоҷикистон Русияро макони кору фаъолият интихоб кардаанд. Соли гузашта ба зиёда аз 102 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки вурудашон ба Русия манъ шуда буд, иҷозати дубора ворид шудан ба қаламрави Русия дода шудааст ва ҳамчунин иҷозати воридшавии беш аз 189 ҳазор шаҳрванди дигар мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳамчунин гуфта шуд, соли 2017 шумораи занони муҳоҷир назар ба соли 2016-ум 17% коҳиш ёфтааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here