Рассоми мардумии Ӯзбекистон Баҳодур Ҷалолов муҷассамаи ёдгориеро омода кардааст, ки “Фиристодаи Худо” ном дошта, дар Маркази рушди исломии ояндаи ин кишвар, дар наздикии маҷмааи Ҳаст-Имом (Ҳазрати Имом)-и шаҳри Тошканд насб карда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Ҷалолов, муҷассама аз санги мармару хоро «дар шакли ба дунё омадани фиристодаи абадият» омода мешавад. Суроби он чанде пеш дар Намоишгоҳи санъати тасвирии Бонки миллии Ӯзбекистон дар маърази ом қарор дода шуда буд.

Ҳайкалтароши ӯзбек бар ин аст, ки муҷассамаи ӯ «корти шиносоии Маркази рушди исломии Ӯзбекистон» хоҳад шуд. «Муҷассама иборат аз тифли навзоде аст, ки болои кураи замин муаллақ истодааст. Ин тасвир ба ҷаҳони мо бо вазифаи махсус омада, симои фиристодаи Худованд аст, ки ба ҷаҳон хабари абадиятро овард. Номи он бо русӣ «Посланник бога» ва бо англисӣ «Messenger of eternity» гузошта шуда, гузинаи ӯзбекии онро ҳанӯз дақиқ накардаем», — афзудааст ӯ.

Рассоми машҳури ӯзбек назари худро ҳамчунин дар бораи он ки Ислом кашидани акси чизи ҷондор ва ҳайкалтароширо манъ кардааст, чунин баён намудааст:  “Чанде пеш дар Дубай намоишгоҳи асарҳои ман баргузор шуд. Шайхҳои араб ва мусулмонони ашрофзода асарҳои маро бисёр хуб қабул карданд. Ба гуфтаи онҳо, дар Ислом кашидани акси чизҳои ҷондор ба таври қотеъ манъ нашудааст”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here