Шаҳрванд «А» ба шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлтаии молиявї ва муборза бо коррупсия дар минтақаи Қўлоби вилояти Хатлон бо ариза дар бораи пораталабии корманди давлат муроҷиат кардааст.

Дар аризаи ин шањрванд гуфта мешавад, ки муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Н.Назарови ноҳияи Муъминобод Гадоев Худойназар ба воситаи корманди Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод Одинаев Давлат аз ў барои аз худуди заминҳои љамоати деҳоти мазкур ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0.08 га маблағи 5000 сомонӣ талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Одинаев Давлат баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Гадоев Худойназар Маҳмадназарович ва Одинаев Давлат Ҳасанович бо моддаи 32 қисми 3 моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентї хабар доданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here