Дар нишасти матбуотӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед вобаста ба ҷанги иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки вақти пандемияи COVID-19 таваҷҷуҳи аксарият бештар ба масъалаҳои сиёсӣ буд, на ба беморӣ.

Ҳамзамон, Муҳаммадзода Парвиз — муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки дар замони муосир фаъолшавии гуруҳҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёртар ба назар мерасад. Бештари ҷавонон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва гуруҳҳои экстремистиву террористӣ дар фазои маҷозӣ фаъолнокӣ нишон медиҳанд.

— Бояд гуфт, нисбати ҳама он амалҳое, ки дар фазои маҷозӣ гуруҳҳои экстремистӣ нишон медиҳанд, аз ҷониби мо вокуниш нишон дода мешавад. Дар фазои маҷозӣ олимон ва зиёиёни кишвари мо бояд фаъол бошанд,- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи мавсуф, расонаҳои хабарии давлати мо бояд дар шакли видео ё аудио матолиб ба нашр расонанд, зеро ҷавонони имрӯза ба матолиби чопӣ таваҷҷуҳи зиёд надоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here