Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) панҷ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром”, ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар ИДМ мебошад ва имрӯз, 17-уми сентябр, дар Маскав оғоз гардид, намояндагӣ мекунад. Дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матои пахта ва либосворӣ дар толорҳои ВДНХ то 20-уми сентябр ба намоиш гузошта мешаванд.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав дар чорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Имсол корхонаҳои зерин аз Тоҷикистон дар намоишгоҳ ҳузур ёфтанд: “Ваҳдат”, “Лиман”, “Раҳимов А.А.”, “Файзи истиқлол”, ва “ХИМА-Текстил”. Дар намоишгоҳ ҳайати Тоҷикистонро масъулони ширкатҳои консалтингии “Business Consulting Group” (Хуҷанд), “ACT Development Group” (Душанбе), ва Иттифоқи Рушди Бахши Хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) раҳнамоӣ мекунанд. Намояндаи ИРБаХТ аснои сафар бо бозори минтақавӣ ошноӣ пайдо карда, бо ҳамкорони рус дидорҳо анҷом медиҳад.

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад. Дар он харидорон ва коршиносони соҳа аз тақрибан 30 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Абдулло Муҳаммадиев, Сардори Департаменти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, мегӯяд: “Русия яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. Сабабаш ҳам имкониятҳои ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти робитаҳои фарҳангӣ ва аз ҳама муҳиммаш – шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад. “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоварад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо робитаҳо барқарор намоянд”.

Намоишгоҳи Маскав имкони хубест, то ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Корхонаҳои Тоҷикистон ҳам маҳсулоти хом ба монанди ришта, матоъ, либосворӣ, матоъи пахтагин, ва ҳам маҳсулоти тайёр ба монанди ҷӯроб, либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либоси махсус, трикотаж, ва либоси тагпӯши мардонаву занона ба намоиш мегузоранд. Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ вохӯрда, бо фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин шинос хоҳад шуд. Ҳайъати Тоҷикистон боз имкон дорад, то дар конфронсҳои илмӣ, давраҳои омӯзишӣ ва мизи гирдҳо иштирок намояд.

Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ барои 12-умин бор иштирок мекунад ва тӯли ин муддат ширкатҳои Тоҷикистон тавонистанд, ки барои кишвар имиҷи манбаъи маҳсулоти олисифати нассоҷӣ ва дӯзандагиро бисозанд.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here