Дар баробари мушкилоти хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе, мушкили дигаре, ки сокинонро нигарон кардааст, нуқтаҳои мошиншӯӣ мебошад.
Сокинон аз он изҳори нороҳатӣ доранд, ки аз назди бархе аз чунин маконҳо гузаштан имкон надорад. Соҳибони чунин нуқтаҳо ва ашхоси мошиншӯй «худашонро шоҳу табъашонро вазир» мепиндоранд. Пас аз шустани мошин, барои хушконидан, онро ба роҳравӣ пиёдагардон бароварда, онро пурра банд мекунанд. Ба гуфтаи як истиқоматкунандаи маҳаллаи Крупскаяи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, чунин ҳолат дар назди таъмиргоҳи ба истилоҳ «63», зиёд мушоҳида мешавад. Бар замми ин, ин нафар мегӯяд, мошиншӯякҳо миёни ҳам суханҳои ҳақоратомез мезананд, ки шарми роҳгузар меояд. «Ин ҷавонон ягон фаросати шаҳрнишинӣ надоранд. Вақте ба онҳо мегӯӣ, ки чаро роҳи пиёдагузарро банд мекунӣ, онҳо роҳи мошингузарро нишон медиҳанд ва мегӯянд, ки бо он роҳ равед!».
Рӯзе, ки аз ин макон дидан кардем, мушкили сокинони маҳалларо ҳис кардем. Воқеан, мошинҳо рӯи роҳрав истода, ба ҳаракати муътадили пиёдагардон халал эҷод мекарданд. Сабзазори шафати роҳ бошад, бо сабаби банд будани роҳрав, зери пойи мошиндорону роҳгузарон мондааст.
Фикр намекунем, ки масъулин боре аз ин макон ва ҷойҳои ба ин монанди шаҳри Душанбе нагузаштаанду мушкилро надидаанд.