Полиси Литва аз боздошт шудани қатори мошинҳое, ки бояд ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд, хабар додааст. Гуфта мешавад, ки ин мошинҳо бо роҳи қочоқ аз каронаи дарёи Балтика ба Душанбе мунтақил мешудаанд.

ИА «АП» менависад, ки ба гуфтаи мақомот теъдоди аъзои ин гурӯҳ 10 нафар аст, ки дар амалиёти муштараки полиси Олмон ва Литва ба иттиҳоми дуздии мошинҳои гаронқиммати “BMV”  ва “Mercedes-Benz “ ва интиқоли ин васоил ба Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, бар асоси дархости полиси Олмон 100 мошини дуздӣ аз кишварҳои аврупоиро, ки ба Душанбе мунтақил шуда буд, шиносоӣ ва мусодира кардаанд.

Ҳамчунин дар моҳи июни соли ҷорӣ 3 мошини дуздии гаронқиммат, ки аз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ба Душанбе мунтақил шуда буданд, шиносоӣ ва мусодира шуданд. 

Аз сӯи дигар, полиси нақлиёти Русия чанде қабл эълом кард, ки дар қаторе, ки бо маводи шуянда аз Литва ба мақсади Тоҷикистон ҳаракат мекард, 4 мошини шоссибаландро кашф кардааст, ки дуздӣ будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here