Дар Молдова даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки дар ҷараёни он раҳбари Ҳизби амал ва ҳамраъйӣ, ки мухолифи ҳукумати пешин ва аврупогаро аст, пирӯз гардид. Ин Майя Санду аст, ки аз роҳбари ҳозираи ин кишвар Игор Додон бештар овоз ба даст овард.

Пас аз коркарди 99,86% раъйҳо, вай 57,63% овозҳоро ба даст овард ва Додон 42,37% овозҳоро соҳиб шудааст. Комиссияи марказии интихоботии Молдова гуфтааст, танҳо ҳисоб кардани варақаҳои интихобот, ки хориҷ аз кишвар баргузор шуданд, мондааст.

Ширкати интихобкунандагон дар даври дуюми интихоботи президентӣ 52,78%-ро ташкил додааст.

Комиссияи марказии интихоботии Молдова натиҷаҳои овоздиҳиро то 22-юми ноябр расман эълон хоҳад кард. Қарори ниҳоӣ дар бораи эътирофи натиҷаҳои интихоботи президентиро Суди конститутсионӣ то 5-уми декабр қабул мекунад. Аз ҳоло Сандуро бо пирӯзӣ табрик мекунанд. Сардори давлат дар Молдова барои чор сол интихоб мешавад.

Даври аввали интихоботи президентӣ дар Молдова 1 ноябри соли 2020 баргузор шуд. Дар овоздиҳӣ 42,76% ширкат варзиданд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ, ҳеҷ яке аз номзадҳо ба президентӣ нисфи овозҳоро ба даст наовард. Додон 36,6% овозҳо аз Санду 32,61% ба даст оварданд ва ба даври дуюм гузаштанд.

Санду аз соли 2012 то 2015 вазири маориф буд ва аз июн то ноябри 2019 сарвазири Молдова буд. Вай ҷонибдори барқарор кардани муносибатҳои хуб бо Руминия, ИМА, Украина ва Иттиҳоди Аврупо мебошад, дар ҳоле ки Додон ҷонибдори шарикии стратегӣ ва муколама бо Русия мебошад. Дар конфронси матбуотии шоми 15-уми ноябр Санду гуфт, ки онҳо бояд давлате бунёд кунанд, ки мардумро ҳифз кунад ва ғамхори онҳо бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here