“Тамошои театр ба ҷойи дарс, дар мактабҳои ноҳияи Вахш” бо чунин унвон дар Фейсбук наворе ба нашр расид, ки хонандагони мактаб дар ҷойе ҷамъ омада, намоиши театриро тамошо доранд. Ин навор аз ҷониби корбарон норозигии зиёдеро ба бор овард, зеро ба гуфти онҳо ин амали маҷбурист.

Шахсе, ки наворро нашр кардааст, дар сӯҳбат бо мо ҳолатро чунин баён кард:

— Мо бо гурӯҳи корӣ хостем аз вазъи фанҳои информатика бохабар шавем, аммо дар ягон муассиса хонанда наёфтем. Пурсон шудем, гуфтанд, театр омадаасту ҳама дар як муассиса театр тамошо доранд.

Мувофиқи маълумоти расида навори мазкур дар муассисаи рақами 4-и ноҳияи Вахш, 11-уми феврал, соати 10, бардошта шудааст. Тамошои театр аз ҳисоби соати дарсиро дар шуъбаи маорифи ноҳия рад карданд.

“Ин барномаҳо танҳо берун аз дарс, ҳангоми танаффус, ташкил мешаванд. Барои баргузории театр дар мактабҳо ба мо супориш шудааст, то мактаббачаҳо барномаи театриро тамошо кунанд”, – гуфт мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Вахш Валиев Сафар.

Ба суоли оне, ки дар ҳақиқат намоиш дар соати дарсӣ гузошта шудааст, ҷавоби дақиқ надод. Масъули дигари шуъбаи маорифи ноҳия ин иддаоро беасос хонд ва гуфт, ки намоишнома ҳангоми дарси соати тарбиявӣ баргузор мегарданд.

— Дар консепсияи миллии тарбия давоми дарси соати тарбиявӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, дар давоми як сол як маротиба иҷозат дода шудааст. Баргузории ин намоишнома 45 дақиқа вақтро яъне як соати дарсиро мегирад, ки ин дарси соати тарбиявӣ аст, – гуфт масъул дар шуъбаи маорифи ноҳия.

Намоишнома аз ҷониби театри вилоятии мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар гузошта шудааст.

— Намоишнома дар мактаб гузаронида мешавад, талабаҳоро ба дигар мактаб намебаранд. Дар ҳар мактаб дар алоҳидагӣ, он ҳам ҳангоми соати тарбиявӣ, гузошта мешавад намоишнома. Намоишнома намоишномаи тарбиявии хубест барои хонандагон”, – гуфт  директори театри мазкур.

Намошнома “Тарсанда ва духтари доно” ном дорад, ки тарбиявӣ аст ва дар бораи ду хонандаи мактаб нақл мекунад, ки яке нодону дигаре доност ва нодон низ дар охир бо мусоидати доно босавод мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here