Хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имсол ният доранд, беш аз 800 тонна моҳии хушсифатро ба бозорҳои тамоми кишвар ба фуруш бароранд.

— Дар ноҳияи мазкур айни замон 39 хоҷагии деҳқонии моҳипарвар фаъолият доранд, ки ин рақам нисбати соли гузашта 8  адад бештар аст, — гуфт Тавакал Гадоев, сарзоотехники Раёсати кишоварзии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Манбаъ иттилоъ дод, ки аз ҳама хоҷагии калони моҳипарвар ҶСК “Парваришгоҳи моҳии хушзод”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебшад, ки дар майдони 694 гектар ҳавзҳои моҳӣ дорад.

— Ҳоло дар ҳавзҳои ин хоҷагӣ наздики 4 миллион моҳӣ парвариш меёбанд, — илова кард ӯ.

Гуфта шуд, ки хоҷагии мазкур  соли гузашта 600 тонна моҳиро ба бозорҳои кишвар ба фуруш бароварда, имсол масъулони хоҷаги ният доранд, ки бештар  моҳҳиро ба бозоҳо бароранд.

— Дар назди  ҶСК “Парваришгоҳи моҳии хушзод”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳоло сохтмони  сехи коркарди моҳӣ идома дорад ва масъулон ният доранд, ки рӯзҳои наздик онро ба истифода дода, 10 нафар сокини маҳалиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин созанд, — илова кард ӯ.

Дар ноҳияи мазкур ҳоло 871,72 гегтар ҳавзҳои моҳӣ ташкил карда шудаанд, ки аз ин хоҷагиҳо соли гузашта зиёда аз  700 тонна моҳӣ  ба бозорҳои тамоми кишвар ба фуруш бароварда шуданд.

— Хоҷагиҳои моҳипарварони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи дурнамо бояд то охири соли ҷорӣ 800 тонна моҳӣ истеҳсол кардаву ба фуруш бароранд. То имрӯз зиёда аз 130 тонна моҳӣ истеҳсол шудаву ба бозорҳо ба фуруш бароварда шудааст, — қайд кард Тавакал Гадоев.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here