Модели тоҷикистонӣ Анна Муминова дар пайи овоздиҳии оммавӣ ба сегонаи беҳтарини озмуни «Зебои ҷаҳон» дохил шуд. Тавре ташкилкунандагони озмун хабар доданд,  овоздиҳии ниҳоӣ барои иштирокчиёни сегонаи беҳтарини озмуни «Зебои ҷаҳон» анҷом ёфт. Дар овоздиҳии ниҳоӣ 11 нафар духтарон аз 6 кишвар Русия, Тоҷикистон, Олмон, Чехия, Беларус, Ӯзбекистон иштирок карданд.

Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, иштироккунандагони зерин ба финали  сегонаи беҳтарини озмуни «Зебои ҷаҳон» роҳ ёфтанд: Анна Муминова (Тоҷикистон, Душанбе) — 15,4 %, Татьяна Фомичева (Русия, Смоленск) — 18,57 %; Мария Демидова (Русия, Кемерово, Новокузнецк) 17,66 %.

Анна Муминоваи 26-сола маьлумоти олии иқтисодӣ дорад ва ба ҳайси модели касбӣ дар намоишҳои мӯд ширкат мекунад. 

Қисмати финалии озмун 10-уми ноябри дар Сочӣ баргузор мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here